Вазорати адлияи Тоҷикистон: бақайдгирии 37 санад бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан рад гардид

Август 8, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 98 санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида 50 санад сабт шуда, бақайдгирии 37 санад бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан рад шуда, 11 санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён баён дошт.

Аз ин шумора дар 25 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуда, дар 55 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид, 5 санад дар баррасӣ қарор дорад.

Вазорати адлия ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 6 лоиҳаи қонун ва 2 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар давраи ҳисоботӣ ба 4 ҳазору 989 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод намуданд, ки 195 нафар шахсони маъюб мебошанд.

Дар маҷмуъ дар 42 шаҳру ноҳия 39 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият доранд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ  «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Август 8, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад