ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ ДАР ҲИСОР. Дар се коргоҳи дӯзандагии шаҳр бояд 44 ҳазор либоси мактабӣ дӯхта шавад

Август 2, 2023 18:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Маркази савдои байналмилалии  шаҳр ярмаркаҳои мактабӣ ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  мақомоти шаҳри Ҳисор

Ташкили нуқтаи фуруши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш дар маркази   шаҳр   барои  хонандагон ва падару модарони онҳо, инчунин омӯзгорону кормандони соҳаи маориф тадбири муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Дар шаҳри Ҳисор ҳоло се коргоҳи  дӯзандагӣ амал мекунад, ки дар онҳо либосҳои мактабӣ духта мешавад. Тибқи нақшаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корхонаҳо  барои дӯхтани 44 ҳазор либоси мактабӣ уҳдадор шуда, бо муассисаҳои таълимӣ низ шартнома бастаанд.

Тибқи иттилои мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёти шаҳри Ҳисор Пайрав Сайфиддинов,  дар шаҳр то имрӯз ба андозаи беш аз 60 фоизи нақша либоси мактабӣ  омода шудааст. Тибқи шартнома, он ба муассисаҳои таҳсилӣ дастрас гардида, дар ярмаркаҳои мактабӣ низ ба фурӯш бароварда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Август 2, 2023 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид