ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ ДАР ҲИСОР. Дар се коргоҳи дӯзандагии шаҳр бояд 44 ҳазор либоси мактабӣ дӯхта шавад
ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Маркази савдои байналмилалии шаҳр ярмаркаҳои мактабӣ ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти шаҳри Ҳисор
Ташкили нуқтаи фуруши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш дар маркази шаҳр барои хонандагон ва падару модарони онҳо, инчунин омӯзгорону кормандони соҳаи маориф тадбири муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар шаҳри Ҳисор ҳоло се коргоҳи дӯзандагӣ амал мекунад, ки дар онҳо либосҳои мактабӣ духта мешавад. Тибқи нақшаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корхонаҳо барои дӯхтани 44 ҳазор либоси мактабӣ уҳдадор шуда, бо муассисаҳои таълимӣ низ шартнома бастаанд.
Тибқи иттилои мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёти шаҳри Ҳисор Пайрав Сайфиддинов, дар шаҳр то имрӯз ба андозаи беш аз 60 фоизи нақша либоси мактабӣ омода шудааст. Тибқи шартнома, он ба муассисаҳои таҳсилӣ дастрас гардида, дар ярмаркаҳои мактабӣ низ ба фурӯш бароварда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд






