Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи 47-уми солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳамоиши мазкур, ки ба мавзуи «Роҳ ба сӯйи ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ» бахшида шуда буд, доир ба чолишҳои давлатҳои рӯ ба тараққӣ, инчунин зарурати таъмини маблағгузории дарозмуддат ба кишварҳои аъзо ҷиҳати ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ибрози андеша намуд.
Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, аз ҷумла ташкили Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ёдовар шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






