Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок намуд

Сентябрь 23, 2023 15:25

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи 47-уми солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳамоиши мазкур, ки ба мавзуи «Роҳ ба сӯйи ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ» бахшида шуда буд, доир ба чолишҳои давлатҳои рӯ ба тараққӣ, инчунин зарурати таъмини маблағгузории дарозмуддат ба кишварҳои аъзо ҷиҳати ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ибрози андеша намуд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025,  аз ҷумла ташкили Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ёдовар шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд