АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ. Дар Истаравшан маҳфили адабӣ-мусиқӣ баргузор шуд

Сентябрь 6, 2023 08:51

СУҒД, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан  таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» маҳфили адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид, хабар доданд  ба мухбири минтақавии  АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам  дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан.

Дар маҳфили адабӣ муовини Раиси шаҳри Истаравшан, вакили мардумӣ, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», омӯзгорони гимназияи №5, намояндагони бахши фарҳанг ва китобхонаи шаҳрии  Истаравшан  иштирок намуданд.

Зимни маҳфили мазкур иброз гардид, ки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «фуpӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб бо адабиёту фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёти мамлакатҳои зиёде шинос гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Имрӯз толибилмон бояд бисёр китоб хонанд, илму маърифат омӯзанд, то дар оянда инсони асил бошанд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо инсонро ба роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад.

Китоб бузургтарин неруе аст, ки мардумро сарфи назар аз нажод, миллат, забон, ақидаву дину оин ба ҳам меорад, дар миёни халқҳо дӯстиву рафоқату робитаҳои корӣ эҷод менамояд. Китоб рисолати муттаҳидгардонии халқҳо, муаррифсозии мамлакатҳо ва эҷоди якдиливу ҳамбастагиро доро аст.

АКС: Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан

Сентябрь 6, 2023 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст