Ба як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

Сентябрь 6, 2023 18:41

ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар толори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қабл аз оғози маросими ҷоизасупорӣ Паёми табрикии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалиро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба самъи иштирокчиён расонд.

Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар бораи Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва таҳкими истиқлолият суханронӣ намуд.

Сипас, дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» ба як гурӯҳ кормандони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ кормандон бо Медали «Хизмати шоиста», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили Ифтихорнома ва Раҳматнома сарфароз гардиданд.

АКС: Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2023 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад