«Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шавад.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддин Наҷмиддинов иттилоъ дод, масъалаи ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» дар Иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, ки аз 10 то 25 сентябри соли 2023 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, баррасӣ хоҳад гардид.
Мавсуф иброз намуд, ки омода намудани Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ҷиҳати пешниҳоди он ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳанӯз солҳои 2020 ва 2021 оғоз гардида буд.
Ба андешаи Наҷмидин Наҷмиддинов, бо мақсади омода намудани Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» барои пешниҳод ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории махсус дар ҳайати кормандону мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист, олимон ва коршиносони миллӣ таъсис дода шуд. Худи ҳамон сол номинатсияи мазкур омода гардида, сипас ба Кумитаи байниҳукуматӣ оид ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.
Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО Номинатсияи Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» аз ҷиҳати техникӣ ба талаботи ЮНЕСКО ҷавобгӯ арзёбӣ гардид.
Инчунин соли 2022 коршиноси Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) барои анҷом додани миссияи саҳроӣ ба Тоҷикистон омада, ҳолати табиӣ ва воқеии Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»-ро мушоҳида ва арзёбӣ намуда, аз ҳолати табиии имрӯзаи экосистемаҳои мамнуъгоҳ ва гуногунии биологии он изҳори қаноатмандӣ намуд ва ба он баҳои баланд дод.
Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» аввалин мамнуъгоҳи табиии давлатии Тоҷикистон буда, бо қарори собиқ Шурои Комиссариати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1938 бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои нодири биёбону туғайзор ва ҳайвоноти хоси он таъсис дода шудааст.
Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» сохтори зертобеи Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон, дар минтақаи биёбон, дар байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон дар сарҳади Афғонистон, дар саргаҳи бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ Амударё воқеъ мебошад.
Майдони умумии заминҳои Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49,7 хазор гектарро ташкил дода, ҳудуди онро майдони васеи экосистемаҳои биёбону туғайзор дар соҳили чап ва рости дарёи Вахш фаро мегирад. Ҳудуди Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» асосан дар марзи маъмурии ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир аст.
Мақсади ташкили мамнуъгоҳ дар ҳолати табиӣ маҳфуз мондани як қисмати ландшафти ҷуғрофӣ барои омӯзиши дарки асрори табиат мебошад. Аз ин лиҳоз яке аз вазифаҳои асосии системаи ҳудудии муҳофизати табиат аз як тараф нигоҳдошти генофонди набототу ҳайвонот бошад, аз тарафи дигар, дар шароити мусоиди табиӣ омӯзиши ҷараёнҳои микроэволютсионӣ дар популятсияҳои намудҳои муҳиму хоси набототу ҳайвонот аст.
Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» яке аз гӯшаи табиати зебои Тоҷикистон ва макони дорои сирру асрори хосси табиии бисёрасраи эволютсионӣ буда, робитаи тарафайни олами наботот ва ҳайвоноти биёбони туғайзорро дар экосистемаи табиӣ дар худ таҷассум менамояд.
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» то ҳол ҳолати табиии худро дигар накардааст ва дар ҳудуди он намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






