Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи авиатсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид

Сентябрь 6, 2023 19:10

ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи  авиатсияи тоҷик дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарият ва кормандону мутахассисони воҳидҳои авиатсионии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳайати кормандони идораҳои авиатсионии ҷумҳуриро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи тоҷик табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбӣ таманно намуд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар маросими тантанавӣ ба бархе аз кормандони сохторҳои  авиатсионии мамлакат мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла «Медали  хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  супорида, онҳоро аз номи Сарвари  давлат табрик намуд.

Таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ инфрасохтори хизматрасонии соҳаи авиатсионии Тоҷикистон рушду такомул намуда, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба фурудгоҳи муосири дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори наву  замонавӣ мубаддал гардид. Бо  мақсади рушди соҳаи авиатсияи мамлакат ҳамчун соҳаи   калидӣ дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори фурудгоҳии ҷумҳурӣ тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфта, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминалҳои нави муосир барои мусофирон, ҳамлу нақли бор, толори қабули меҳмонони расмӣ, инчунин манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ ба истифода дода шуданд. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки Ҳукумати  мамлакат  соҳаи авиатсияи гражданиро дастгирӣ менамояд. Инчунин дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷуғрофияи  парвозҳо фарох гардида, алҳол аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ парвозҳо  анҷом дода мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2023 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад