Дар Боғи «Кули ҷавонон»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатии ноҳияҳои Сино ва Варзоб идома дорад

Сентябрь 11, 2023 09:51

ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар Боғи «Кули ҷавонон»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияҳои Сино ва Варзоб оғоз гардида, то 15 сентябр идома меёбад.

Ин тадбир ба хотири таҷлили сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 32-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳаёти шоиста бар мардум, хоса ғанӣ гардонии дастархони сокинон бо маҳсулоти хушсифату дастрас, таъмини фазои мусоиди ҷашнӣ ва истироҳату фароғат ба сокинону меҳмонони Душанбе шаҳр амалӣ мегардад.

Кишоварзон, намоядагони соҳаи саноат, ҳунармандон ва ошпазони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб дастовардҳои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва самараи меҳнати худро муаррифӣ ва бо арзиши дастрас ба шаҳрвандон пешниҳод менамоянд.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ номгӯи зиёди обҳои ташнашкин, маҳсулоти ширӣ, лавозимоти рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ, техникаи маишӣ ва дигар дастовардҳои бахшҷои саноат пешниҳод мегарданд.

Шоми 9 сентябр аҳли фарҳангӣ ноҳияҳои Сино ва Варзоб барномаи ҳунарии саршор аз сурудҳои ватандӯстона, дилнишину инсонпарварона фазои ҷашнию тантанавӣ, истироҳату фароғати комилро ба сокинону меҳмонони пойтахт таъмин намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2023 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад