Дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул» иншооти муосир ба истифода дода шуд

Сентябрь 29, 2023 15:08

ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар гузаргоҳи сарҳадии «Кокул», воқеъ дар ноҳияи Фархор иншооти замонавии дидбонгоҳи  гумрукии наздисарҳадии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ба истифода супоридани иншооти нав муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Изатулло Ҳурматзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики, Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел иштирок намуданд.

Иншооти замонавии дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар заминаи лоиҳаи «Рушди ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии самараноки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон» бо дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии JICA ба маблағи 1,8 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур  ба баланд гардидани шаффофият, беҳтар намудани назорати идоракунӣ ва афзоиши даромади гумрукӣ мусоидат менамояд.

Иншооти тозабунёд дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул» барои кормандон муосиртарин таҷҳизот, шароити будубош, санҷишу азназаргузаронӣ ва назоратӣ муҳайё намуда, бо истифода аз он услуб, сатҳу сифати хизматрасонии гумрукӣ ҳангоми воридоту содироти молу воситаҳои нақлиёт, бақайдгирӣ ва дигар хизматрасонӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида мешавад.

Чунин тадбир дар доираи ҳадафҳои рушд бо мақсади таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи сарҳад ва масъалаҳо дар самти рушди иқтисодӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ амалӣ шуда, барои фаъолияти бозорҳои фаромарзӣ низ шароит муҳайё менамояд.

Дар доираи марҳилаи навбатӣ дар ин дидбонгоҳ дигар инфрасохтори зарурии хизматрасонӣ бо такя ба технологияҳои пешқадами рақамӣ муҳайё мегардад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2023 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид