Дар Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон доир мегардад

Сентябрь 4, 2023 20:02

ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони  Тоҷикистон ва  Қазоқистон  баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати мазкур аз намояндагони бахши хусусии Қазоқистон дар соҳаҳои омехта, ба монанди хӯрокворӣ (истеҳсоли равған, орд, макарон, қаннодӣ, гӯшт), хоҷагии қишлоқ (истеҳсоли хӯроки чорво), таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, коммутаторҳои шабакаҳо, истеҳсоли трансформатор, нуриҳои фосфатӣ, истеҳсол ва фурӯши муҳаррикҳои дизелӣ, маҳлулҳои фасадӣ, конструксияҳои металлӣ, соҳаи кӯҳканӣ ва ҷустуҷӯи геологӣ, саноати маъдани кӯҳӣ ва ғайра иборат мебошад.

Дар маҷмуъ дар Бизнес-форуми соҳибкорони  Тоҷикистон ва  Қазоқистон  15 ширкати қазоқистонӣ иштирок менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 4, 2023 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид