Дар Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс вохӯрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумита ба меҳмон дар бораи корҳо дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои изтирорӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин ҳамкории байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар ин самт маълумот дод.
Раиси Кумита иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории мулоқот амалӣ намудани ҳамкории дуҷониба дар самти огоҳӣ, пешгирӣ, рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии мамлакат бинобар офатҳои табиӣ мебошад.
Мавсуф иброз изҳор намуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бориши шадид, сел, ярч, фаромадани тарма ва заминларза рух медиҳанд, ки ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат хисороти ҷиддӣ мерасонанд.
Тазаккур дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо ва афзалияти глобалии чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ якчанд тадбирҳо меандешад.
Яке аз ҳадафҳои глобалии чаҳорчӯбаи Сендай барои давлатҳои иштироккунанда қабули стратегияҳои миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад.
«Ҷумҳурии мо бо иштироки коршиносони байналмилалии СММ дар байни давлатҳои минтақа аввалин шуда, Стратегияи миллии коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030-ро таҳия ва тасдиқ намуд», — таъкид дошт Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаи ташкили машғулияти омӯзишӣ, ки барои такмили ихтисоси кормандон ҳатмӣ мебошанд, муҳокима шуд. Инчунин ҷонибҳо самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ва пешниҳодҳо оид ба иқдоми минбаъдаро баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мешавад
5 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Кӯлоб бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир гардид
Дар Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд
ОГОҲӢ. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то 4 май хавфи сар задани сел боқӣ мемонад
Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи бориши пай дар пай сел омада, ба хонаҳои сокинон хисорот расид
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Дар Душанбе густариши ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи меҳнат ва касбомӯзӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Бавария ҳамкориро дар самти таҳсилоти касбӣ густариш медиҳанд
Оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






