Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳри Ваҳдат идома дорад
ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Алишери Навоӣ» намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномахои фархангии шаҳри Ваҳдат оғоз гардида то 15 сентябр идома меёбад.
Кишоварзону хунармандони шаҳри Ваҳдат дастовард, маҳсулоти кишоварзӣ ва самараи меҳнати худро муаррифӣ ва бо арзиши дастрас ба шаҳрвандон пешниҳод менамоянд.
Дар намоиш-фурӯш асал, картошка, пиёз, гӯшт, гулкарам, зардолу, гелос, орд, равған, тухм, шакар ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархи дастрас пешниҳод мегардад. Маҳсулоти нонӣ, номгӯи зиёди таомҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ низ муаррифӣ мешавад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ шомгоҳон баҳри истироҳату фароғати сокинону меҳмонон аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳри Ваҳдат баронмаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад






