Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4-6 октябри соли равон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи барнома, дар симпозиум, аз ҷумла мавзуъҳои «Ҳафриёт ва стратиграфияи маъбади Вахш», «Даврабандии Тахти Сангин ва масъалаи мансубияти Хазинаи Амударё ба маъбади Вахш», «Равандҳои байнифарҳангӣ дар давраҳои ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ дар Бохтар ва Суғд», «Хусусияти меъморӣ ва услуби сохтмони монументалӣ дар Бохтар ва Суғди замони ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ», «Нумизматика ва эпиграфикаи Бохтари Қадим», «Санъат ва ҳунармандӣ дар Бохтар ва Суғди замони ҳахоманишӣ, эллинистӣ ва кушонӣ» ва «Ҷуғрофияи таърихии Бохтар ва Суғд» мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Ҳамчунин дар рӯзҳои баргузории симпозиум боздиди иштирокчиёни он аз ёдгории шаҳраки қадимаи Тахти Сангин пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
Бояд гуфт, ки Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху тамаддуни қадимии тоҷикон маҳсуб мешавад.
Ёдгории Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.
Соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Тахти Сангин дар ноҳияи Кубодиён ба олимон супориш доданд, ки барои баргардонидани Ганҷинаи Амударё ба ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. 8 марти соли 2013 дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро, аз ҷумла лавҳаи чоркунҷаи тиллоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тиллоӣ барои либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тиллоии гирдшакл барои либос (Circular gold costume-fitting), табақи тиллоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament)-ро, ки ҳамчун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, ба Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир супорид. Ин нусхаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гӯшаи китоби Покистон» ба истифода дода шуд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Рим осорхонаи Леонардо да Винчиро тамошо намуданд
Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад
Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои Ҷумҳурии Сейшел дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид






