Дар Душанбе таҳти унвони «Захираҳои об, инноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад

Сентябрь 13, 2023 17:32

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6-7 октябри соли равон дар Душанбе таҳти унвони  «Захираҳои об, инноватсия, захира ва  энергиясарфанамоӣ» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ  баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Конференсия бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуда, ҳадафи асосии он саҳмгузорӣ дар ҳалли масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таърих, ҳолати кунунӣ ва дурнамои тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологии марбут ба обу иқлим ва ғайра  мебошад.

Конференсия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳои зерин:  усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, истифодаи маҷмаавии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, гидроэкология, гидрохимия ва сифати об, рушди устувор ва иқтисоди «сабз», иншооти гидротехникӣ ва сохтмон, дурнамои рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, энергетика, захира- ва энергиясарфанамоӣ, аҳамияти рекреатсионӣ, сайёҳӣ ва табобатии обҳои ноҳияҳои кӯҳсор, масоили об ва барқтаъминкунии таъминкунии шаҳру деҳот дар шароити кӯҳсор ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимӣ дар бахши хоҷагии об  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2023 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд