Дар Хуҷанд роҷеъ ба аҳамияти мероси ҳуҷҷатӣ ва саҳми ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид

Сентябрь 1, 2023 18:31

ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 август дар Муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ва Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии занону ҷавонон роҷеъ ба аҳамияти мероси ҳуҷҷатӣ ва саҳми ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ» силсиламашғулияти омӯзишӣ оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Машғулият дар ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони Маркази мероси хаттӣ дар ҳамкорӣ бо созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО давоми як моҳ баргузор мешаванд.

Мақсад аз иҷрои ин лоиҳа боло бурдани сатҳи огоҳии занон ва ҷавонони ҷумҳурӣ роҷеъ ба аҳамияти мероси ҳуҷҷатӣ мебошад.

«Дар ҷумҳурӣ мероси хаттии фаровоне мавҷуд аст, ки дар марказҳои махсус ҳифз мешаванд. Аммо дар айни ҳол дар дасти мардум осори зиёди хаттӣ боқӣ мондааст, ки ба онҳо хавфи нобудшавӣ, пӯсидан ва вайрон шудан таҳдид менамояд. Ин нусхаҳо бояд ҷамъоварӣ шаванд, бо усулҳои махсус безарар гардонида шаванд, ва ба нигаҳдории махсус супурда шаванд. Яъне ҳадафи аслӣ- аз нобудӣ эмин нигаҳ доштани мероси ҳуҷҷатӣ ва ташвиқи муносибати дуруст бо ин мерос мебошад», — гуфтанд дар Маркази мероси хаттӣ.

АКС: Маркази мероси хаттӣ

Сентябрь 1, 2023 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд