Дар Прокуратураи генералӣ ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Сентябрь 7, 2023 17:29

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ иттилоъ доданд, зимни ҷамъомад Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон кормандони мақомотро бо ин ҷашни пуршукуҳи миллат ва давлат табрик намуда, доир ба хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, инчунин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони истиқлол ва саҳми мақомоти прокуратура дар таъмини қонуният ва мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Зимни маҷлиси тантанавӣ бо назардоштаи иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақияти шоён дар пурзӯр намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби   Зариф Ализода  ба 7 нафар кормандони мақомот мукофотҳои давлатӣ супорида шуда, бо фармоиши  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандон ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар маҷмуъ 10 нафар кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ бахшида ба ин ҷашни бузург аз тарафи Президенти Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатӣ ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.

 АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2023 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад