Дар Прокуратураи генералӣ ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ иттилоъ доданд, зимни ҷамъомад Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон кормандони мақомотро бо ин ҷашни пуршукуҳи миллат ва давлат табрик намуда, доир ба хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, инчунин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони истиқлол ва саҳми мақомоти прокуратура дар таъмини қонуният ва мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Зимни маҷлиси тантанавӣ бо назардоштаи иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақияти шоён дар пурзӯр намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Зариф Ализода ба 7 нафар кормандони мақомот мукофотҳои давлатӣ супорида шуда, бо фармоиши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандон ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар маҷмуъ 10 нафар кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ бахшида ба ин ҷашни бузург аз тарафи Президенти Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
Иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатӣ ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд






