Дар шаҳри Москва Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар шаҳри Москва дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
32 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ноил гардид ва имкон пайдо намуд, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Инак, имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш меравад.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотӣ иброз намуд, ки ба даст овардани истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як воқеаи сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ буда, ҳамзамон эҳёи анъанаҳои миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, аъзои Ҳукумати Федератсияи Русия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Русия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.
Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои муҳимтарини давлат дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин муносибат ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия таъкид гардид.



Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул намуд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки панҷумин ташаббуси ҷаҳонии давлати мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси ҷаҳон амалӣ хоҳад шуд.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин арзиш ва сарвати миллӣ аст.
Дар назди ҳозирин инчунин аз номи Федератсияи Русия муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин сухан гуфт. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Чорабиниро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгӯ аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид. Ҳамзамон ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ, инчунин мавзеъҳои беҳтарини сайёҳии мамлакатамон манзур гардид.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин дар саҳни толори меҳмонхонаи «The Ritz-Carlton» намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ пешкаши меҳмонон гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо директори генералии Созмони рушди саноати СММ мулоқот намуд
Дар Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Шурои иҷроияи Ҳизби ҳокими Туркия мулоқот намуд
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёвари Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд






