Фаъолияти ҷамъияти «Истэнергия»-и Истаравшан ба самти таъмири трансформаторҳо нигаронида шудааст
СУҒД, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар/. 4 сентябр Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо фаъолияти ҶДММ «Истэнергия» шинос шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд.
ҶДММ «Истэнергия» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров таъсис дода шуда, фаъолияташ ба самти таъмири трансформаторҳо, истеҳсоли қуттиҳои бехатарӣ барои трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти марбут ба соҳаи энергетика нигаронида шудааст.
Алҳол дар корхонаи мазкур 8 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, ба таъмиру барқарорсозии трансформаторҳо машғул мебошанд.
Бояд гуфт, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) саноатчиёни шаҳри Истаравшан бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд.
Ҳоло дар шаҳри Истаравшан сохтмони иншооти гуногунсоҳа идома дошта, саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ назаррас мебошад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан










Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»






