ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Минск иштирок менамояд

Сентябрь 7, 2023 15:44

ДУШАНБЕ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 сентябр бахшида ба 956-солагии шаҳри Минск дар Ҷумҳурии Беларус мусобиқаи кушод оид ба футзал доир мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 4 даста, аз ҷумла дастаҳои мунтахаби яккачини футзали Беларус, Тоҷикистон, инчунин чемпиони феълии Беларус оид ба футзал- дастаи «Сталитса» ва қаҳрамони Русия- дастаи КПРФ иштирок менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дониста мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон рақобат менамояд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 7 то 11 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ғолибони гурӯҳҳо ва ҳамчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳхат мегиранд, ки дар Тайланд доир мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои мусобиқаи байналмилалӣ дар Минск:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»), Фирӯз Бозмамадов («Соро компания»),

Бозингарон: Комрон Алиев, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Кузиев («Амонатбонк»), Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Муҳаммад Шарипов, Муҳаммад Раҷабов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов (Тоҷикистон).

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2023 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид