МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон барои дарёфти хонандагони болаёқат ҳафтаи «Бозёфт» гузаронида мешавад

Сентябрь 15, 2023 14:47

ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аз 18 то 23 сентябр бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва cоҳибистеъдод ҷиҳати дастгирӣ ва рушди минбаъдаи онҳо дар тамоми ҷумҳурӣ ҳафтаи «Бозёфт» гузаронида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо.

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав ва дар ин замина мусоидат ба касб интихоб намудани хонандагони болаёқат ва рушди ҳаракати олимпӣ  ба нақша гирифта шуда, дар ин хусус фармоиши дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.

Хонандагони хоҳишманд ва волидайни онҳо метавонанд давоми ҳафта ба марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳозир шуда, бо коршиносон ва омӯзгорони ботаҷриба ва пешқадам дар ин самт машварат намоянд.

Таҳсил дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо комилан ройгон буда, дар ҷараёни таълим хонандагон имкони рушд додани қобилияти зеҳниву эҷодкории худ, гирифтани тавсия оид ба касбинтихобкунӣ ва роҳнамоӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти касбиро пайдо намуда, ҳамзамон барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода мешаванд.

Дар идомаи ҳафтаи «Бозёфт» бо иштироки коршиносону донишмандон баргузории машғулияти илмӣ-амалӣ, ҳамоиш ва дарсҳои маҳорат вобаста ба масъалаҳои ташхиси лаёқатмандӣ, муайян намудани самтҳои лаёқатмандӣ, шинохти маҳорати зеҳнӣ ва роҳу усулҳои рушди истеъдодҳои хонандагон ба нақша гирифта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2023 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд