Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон ба Туркия сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар/. 10 сентябр як гурӯҳ намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон ба шаҳри Анталияи Туркия сафар намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода, ки дар ин ҳайат шомил аст.
Ҳадаф аз сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирок дар курсҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони сохторҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон, соҳаи меҳмондорӣ ва воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Туркия мебошад.
Омӯзиши таҷрибаи сайёҳии ин кишвари пешрафта ва табодули таҷриба имкон медиҳад, ки хизматрасонии соҳа ба сатҳи баланд бардошта шавад, зеро Туркия аз ҷиҳати рушди туризм дар ҷаҳон мақоми хоссаро доро мебошад.
Тарбияи мутахассисони соҳибтаҷрибаю касбӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои «Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Асосан зимни сафар намояндагони субъектҳои хизматрасонии Тоҷикистон курсҳои «Туроператор», «Туреган», «Роҳбалад», «Ошпаз», «Меҳмонхонадорӣ» ва ғайраро меомӯзанд.
Барнома бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ва шарикони рушд амалӣ мегардад.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






