Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ доир ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ дар Самарқанд иштирок намуд

Сентябрь 13, 2023 08:34

ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ доир ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар конфронси мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон ва ҳайатҳои баландпояи 43 давлати дунё, бо шумули 13 вазири кишоварзӣ, роҳбарони аввали ташкилоти байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва бахши хусусӣ  иштирок намуданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки амнияти озуқаворӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз афзалияти асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030 мебошад, ки барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор нигаронида шудааст.

Таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронс ба ҳалли мушкилоти марбут ба тағйири иқлим ва таҳдиди афзояндаи гармшавии глобалӣ ҷалб карда шуда, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воқеияти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он барои амнияти озуқаворӣ хуб воқиф буда, кушиши худро барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона месозад.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ диққати бештар дода, дар робита ба ин ҷараёни ислоҳотро дар бахши кишоварзӣ бо таваҷҷуҳ ба коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим идома медиҳад.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2023 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад