ОБОДИИ МАҲАЛ. Ҳашт километр роҳи марказии ноҳияи Шаҳринав мумфарш мегардад
ШАҲРИНАВ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр бо иштироки Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ва соҳибкорону пирони рӯзгордида корҳои мумфаршкунии роҳи мошингарди маркази ноҳия аз ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода то гардиши сари пули шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Роҳи марказии ноҳия, ки аз ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода то гардиши сари пули шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода 8 километр масофаро ташкил медиҳад, аз тарафи соҳибкор Умар Кремлёв пурра навсозӣ ва қирпӯш мегардад.
Умар Кремлёв яке аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон, роҳбари ин хазина ва Президенти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии бокс, соҳибкори бонангу номуси Ватан ва хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 буда, роҳи мазкурро ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозию мумфарш менамояд.
Соҳибкор зимни суҳбат бо раиси ноҳия доир ба амалӣ намудани лоиҳаҳои навсозии 8 километр роҳи маркази ноҳия то ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода, таҷдиду навсозии Муассисаи томактабии №2 ва таъмиру бозсозӣ намудани Муассисаи таълимии №21 ва пурра ба муассисаи таълимии русӣ табдил додани ин мактаб пешниҳод ироа намуд.
Таъкид гардид, ки роҳи мазкур пурра бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои имрӯза навсозӣ мешавад ва дар оянда лоиҳаҳои боқимонда низ амалӣ мешаванд.
Ҳукумати мамлакат иқдому ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ намуда, ҷиҳати амалӣ гардидани онҳо тамоми шароиту имконияти мавҷударо муҳайё намудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ ва барои амалӣ гардидани иқдоми созандаи онҳо мусоидат намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






