«Пахтачинӣ», «Пиллаи аввали ман». Сайёҳии аграрӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна рушд меёбад ва кӣ ба он таваҷҷуҳ дорад?

Сентябрь 4, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 04.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон пайваста намудҳои нави сайёҳӣ пайдо мешаванд. Агентиҳое, ки ба шаҳрвандони ватанӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонанд, кӯшиш менамоянд, ки ба ин масъала муносибати эҷодкорона намоянд. Дар хусуси  яке аз онҳо — «Пахтачинӣ» ё «Ҷамъоварии пахта» нақл менамоем.

Тавре зимни суҳбат созмондиҳандаи чунин сайру саёҳатҳои ҷолиб, директори ширкати ҳунарӣ-сайёҳии «Gulzar Village» Нигина Икромӣ иброз дошт, дар ибтидо сафарҳо ба майдонҳои пахта барои меҳмонони хориҷӣ пешбинӣ шуда буданд. «Аммо, тавре ки таҷриба нишон дод ва мо аз ин ҳатто дар ҳайрат ҳам мондем, ҷамъоварии пахта барои шаҳрвандони мо низ, ки дар пойтахт зиндагӣ менамоянд, хеле ҷолиб аст. Беш аз нисфи сайёҳон сокинони маҳаллӣ ва боқимонда сайёҳони хориҷӣ буданд».

Тибқи гуфтаи ӯ, дидани майдонҳои пахта барои сокинони шаҳр ҷолиб мебошад. Бисёриҳо ҳатто намедонанд, ки пахта чӣ гуна сабзиш ва нашъунамо меёбад, онро чӣ гуна нигоҳубин менамоянд, барои онҳо суҳбат бо деҳқонҳо шавқовар аст, вале муҳимтар аз ҳама- фаҳмидани он аст, ки ин кор то чӣ андоза меҳнату заҳмати зиёд талаб менамояд ва ба он асосан занони тоҷик машғул мешаванд.

«Аввал мо худамон ба майдони пахта рафта, бо агрономҳо, деҳқонон суҳбат намуда, тамоми ҷузъиётро таҳия ва сипас сафари озмоиширо оғоз менамоем. Ҷамъоварии пахта дар мамлакати мо нав оғоз шудааст, аз ин рӯ мо барои ба мардум бештар нишон додани майдони пахта фурсат меёбем», изҳор намуд Нигина.

Дар маҷмуъ, тавре Нигина Икромӣ шарҳ дод, ӯ се сол боз бо чунин намуди саёҳат дар соҳаи рушди ҳунарҳо машғул мебошад. Барои муайян намудани ҳунармандони нав ҷиҳати ҳамкорӣ моро зарур аст, ки ба деҳаҳои минтақаҳои дуру наздики  Тоҷикистон сафар намоем.

«Мо ба хонаҳои онҳо меравем, ҳунарҳо ва тарзи ҳаёти аҳолии деҳотро меомӯзем. Ҳамин тавр, мо ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳиро бо ҳам муттаҳид месозем. Яке аз аввалин саёҳати мо сафари Шаҳринав буд. Сайёҳон бо хурсандӣ бо хонаи кулолгар шинос шуда, ба ҳунари кулолгарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар роҳ онҳо инчунин боғҳои ангурро тамошо намуда, хӯрокҳои миллиро тановул карданд.

Ҳамчунин сайри дигар бо номи «Пиллаи аввали ман» муваффақона  гузаронида шуда, сайёҳон аз наздик бо кирмакпарварӣ шинос шуданд, — иброз дошт ҳамсуҳбат ва дар охир афзуд, ки зимни гузаронидани чунин сафарҳо одамон имконият пайдо менамоянд, ки аз рӯзгордорӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик воқиф шаванд.

Елена БАТЕНКОВА
Азиза ИКРОМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии Нигина Икромӣ

 

 

Сентябрь 4, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол 1612 нафар сайёҳон табиати нотакрори Бадахшонро тамошо карданд
«ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ». Дар шаҳри Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». 12 июл иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Тоҷикистон мерасанд