Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Акихико Танака доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акихико Танака ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акихико Танака бо дастовардҳои илмию тахникии донишгоҳ шинос шуд. Намоишгоҳ аз гӯшаҳои китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизотҳои муосири фанҳои табиию риёзӣ, маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ғайра иборат буд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода роҷеъ ба муҳимму саривақтӣ будани вохӯрии мазкур ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон дар бахши маориф суханронӣ намуд.
Дар идома қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ дар робита ба узви ифтихории Шурои олимон ва доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардидани Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акихико Танака ироа гардид. Зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Шурои олимони донишгоҳ таъкид гардид, ки Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акихико Танака барои саҳми босазояш дар рушди ҳамкории дуҷониба бо чунин унвон сазовор шуд.
Акихико Танака бо изҳори сипос аз Роҳбари давлат ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти мазкурро яке аз самтҳои муҳимми таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Ҷопону Тоҷикистон унвон намуд. Ӯ аз натиҷаи нишаст ва доктори фахрӣ ва узви ифтихории Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шуданаш изҳори сипос намуда, дар робита ба саҳми илму таълим ва масъалаҳои дипломатӣ дар густариши ҳамкорӣ, инчунин масъалаҳои иқтисодию дипломатӣ суханронӣ намуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон











НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид






