«РӮДАКӢ, ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад

Сентябрь 20, 2023 16:07

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон  Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба бузургдошти шоири тавоно, қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуда, ҳамоишу конфронсҳои илмӣ ва  ҷаласаҳо  доир мегарданд.  

Бахшида ба ин рӯз 22 сентябр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар мавзуи «Рӯдакӣ, забон ва фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ баргузор мешавад.

Ташаббускорони конференсия Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Бунёди Рӯдакӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, дар он дар мавзуъҳои «Рӯдакӣ-соҳибқирони шоирон», «Устод Рӯдакӣ –падидаи забонӣ ва фарҳангии аҳли Сомониён», «Мусиқии шеъри Рӯдакӣ (бар пояи қофия ва радиф)», «Ҷойгоҳи шоир ва шеър дар дарбори Сомониён (Дар мисоли ашъори Устод Рӯдакӣ)», «Бозтоби боварҳои мардумӣ дар ашъори Рӯдакӣ» ва ғайра маърузаҳо қироат мегарданд.

Барномаи фарҳангӣ бар матни ашъори Рӯдакӣ аз ҷониби устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод мегардад.

Мавриди тазаккур аст, ки соли 2002 бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Рӯзҳои ид» тағйирот ворид шуда, 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2023 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст