Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, муносибатҳо ва сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия, ки бо саъю талоши Роҳбарони ду давлат бемайлон рушд доранд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки байни ду давлат ҳамкории устувор дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда шуда, робитаҳои байналмилаливу байниминтақавӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тавсеа меёбанд.
Дар ин зимн, нақши робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоя, инноватсия ва технологияҳои нав, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ки аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, андешаронӣ намуда, дар ин раванд нақши калидии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро таъкид намуданд.
Вобаста ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ ҳамкории фаъоли тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Федератсияи Русия, инчунин ҳавасмандии шаҳрдории пойтахт ҷиҳати рушди мунтазами ҳамкории бисёрҷонибаи байни пойтахтҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






