Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи махсус оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуд

Сентябрь 19, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Сеул Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсус оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Таъкид гардид, ки ҷаласаи мазкур ба эҷоди платформаи нав ва муайян намудани уфуқҳои нави ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея замина гузошт. Тоҷикистон аз ташаббуси таъсиси муколамаи стратегӣ дар шакли «Раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ҷонибдорӣ менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, иттилооту коммуникатсия ва ҳамкории транзитию нақлиётӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон мебошанд.


Ба гуфтаи Раиси Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, тавассути бунёди якчанд неругоҳҳои барқи обии иқтидорашон гуногун саъй дорад, ки бахши энергетикаи «сабз»-ро ба манфиати тамоми минтақа ба таври ҳамаҷониба рушд диҳад.

«Самти ояндадори ҳамкории мутақобилан судманди мо низ метавонад таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ барои содироти минбаъда бошад. Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд», — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Изҳори итминон шуд, ки натиҷаи ҷаласа ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии давлатҳо такони нав бахшида, ба таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва шукуфоии минтақа мусоидат менамояд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид