Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи махсус оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Сеул Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсус оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Таъкид гардид, ки ҷаласаи мазкур ба эҷоди платформаи нав ва муайян намудани уфуқҳои нави ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея замина гузошт. Тоҷикистон аз ташаббуси таъсиси муколамаи стратегӣ дар шакли «Раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ҷонибдорӣ менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, иттилооту коммуникатсия ва ҳамкории транзитию нақлиётӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон мебошанд.


Ба гуфтаи Раиси Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, тавассути бунёди якчанд неругоҳҳои барқи обии иқтидорашон гуногун саъй дорад, ки бахши энергетикаи «сабз»-ро ба манфиати тамоми минтақа ба таври ҳамаҷониба рушд диҳад.
«Самти ояндадори ҳамкории мутақобилан судманди мо низ метавонад таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ барои содироти минбаъда бошад. Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд», — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Изҳори итминон шуд, ки натиҷаи ҷаласа ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии давлатҳо такони нав бахшида, ба таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва шукуфоии минтақа мусоидат менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






