Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ

Сентябрь 23, 2023 10:12

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун дигар суханрониҳо аз минбари баланди СММ саршор аз ҳарфи саодати инсоният, рушди ҳамкорию ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, сулҳ ва амнияту оромӣ, инчунин дастҷамъию муштаракот дар ҳалли мубрамтарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

АМИТ «Ховар» нуктаҳои муҳимро аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хулосаи хонандагон пешниҳод менамояд.

  1. Мавзуи ҷаласаи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро зери унвони «Барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар саммити сулҳ, шукуфоӣ, пешрафт ва устуворӣ» иқдоми саривақтӣ шуморида, аз он истиқбол менамоем.
  2. Мо дарк менамоем, ки раванди ҳамбастагӣ, маблағгузорӣ, татбиқи уҳдадориҳо ва дигар чораҳои амалӣ бояд тақвият дода шавад ва ин амр тағйироти воқеан бунёдиро тақозо менамояд.
  3. Мо аз иқдоми Дабири кулл дар самти татбиқи Рӯзномаи-2030, аз ҷумла ҳамасола ҷудо намудани ҳадди ақалл 500 миллиард доллар ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва хурди ҷазиравӣ барои суръат бахшидан ба ин раванд истиқбол менамоем.
  4. Мо инчунин ислоҳоти низоми байналмилалии молиявиро бо мақсади таъмин намудани маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба иқлим ҷонибдорӣ менамоем.
  5. Тавре ки ҳамаи мо мушоҳида менамоем, таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад. Соли равон мо шоҳиди ҳарорати баландтарини ҳаво дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидем. Тибқи гузориши охири Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ бо номи «Вазъи иқлим», гармшавии ғайримаъмулии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Пайомадҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд.
  6. Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар рӯзномаи глобалии об ва иқлим ҷиҳати рушди ҳамкорӣ байни давлатҳо ва созмонҳо минбаъд низ талош хоҳад кард.
  7. Дар шароити муосир ташаккули иқтисоди «сабз» яке аз вазифаҳои мубрами инсоният гардидааст.
  8. Истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад барои рушди тавлиди энергияи «сабз» дар тамоми минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
  9. Дар ҷаҳони имрӯза ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамгироӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ин ба давлатҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷориро ҳал намуда, ба пойдории сулҳу субот мусоидат намоянд ва ба ҳолатҳои фавқулода вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.
  10. Дар натиҷаи тадбирҳои муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ фазои мусоид фароҳам омадааст.
  11. Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.
  12. Мо ният дорем, ки соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он баргузор намоем.
  13. Тоҷикистон бори дигар таъкид менамояд, ки вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад.
  14. Ҷомеаҳои мо тавассути робитаҳои фарҳангӣ, урфу одат ва эътиқодоти гуногун ба ҳам пайванд мебошанд. Ин ҳамбастагӣ барои зисти осоишта дар фазои ҳамдигарфаҳмии фарҳангу динҳои гуногун заминаи хубе аст.
  15. Зуҳуроти тафриқаандозӣ, хусумати нажодӣ ва динӣ бо дарки пайомадҳои манфии онҳо ғайри қобили қабул мебошад. Амалҳои гуфташуда, инчунин тобиши сиёсӣ додан ба масоили дину мазҳаб метавонанд пояи ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳониро коста гардонанд.
  16. Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад. Чунин амалкардҳои иғвоангезона дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешаванд.
  17. Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд.
  18. Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумӣ зери унвони «Рушди муколамаи байнидинӣ ва фарҳангӣ ва таҳаммулгароӣ дар муқобила бо нафрат» бори дигар аҳаммияти муколамаю ҳамдигарфаҳмӣ байни тамаддунҳоро дар раванди таҳкими сулҳ таъкид менамояд.
  19. Мо чунин мешуморем, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.
  20. Биёед, дар муқобили амалҳое, ки моро аз ҳам ҷудо менамоянд, муттаҳид бошем ва ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат намоем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2023 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд