Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

Сентябрь 16, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 16.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар ҳошияи машғулияти омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони сохторҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо дар шаҳри Анталияи Туркия мулоқоти муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода бо сардори Раёсати фарҳанг ва сайёҳии Анталия Ҷандемир Зороғлу баргузор гардид.

Мусоҳибон рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, тақвияти тамосҳои пайваста байни мақомотҳои дахлдор, инчунин гузаштани курси такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддати мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Туркия ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки соҳаи сайёҳӣ барои ҳарду ҷумҳурӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ба шумор рафта, дар ин росто тақвият додани ҳамкорӣ дар ин самт барои мустаҳкам намудани заминаи ҳамкории ояндадор мусоидат менамояд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии хешро баҳри тавсеаи ҳамкорӣ бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон баён намуданд.

Нарзулло АЛИЗОДА,
Душанбе- Анталия,

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?