«ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар ин озмун сарбозон низ бо ҳисси ватандӯстӣ донишу маҳорат нишон медиҳанд

Сентябрь 16, 2023 09:31

ДУШАНБЕ, 16.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 378 нафар довталабон дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» байни ҳам рақобат доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Яке аз иштирокчиёни фаъол сарбози қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Раҳимзода мебошад, ки барои иштирок дар озмун омодагии ҷиддӣ дидааст.

Новобаста ба он ки ӯ сарбоз аст ва масъулияти ҳифзи Ватанро бар дӯш дорад,  мегӯяд, ки агар шахс завқу шавқи китобхонӣ дошта бошад, дар дилхоҳ кору масъулият фурсати китобхонӣ ёфта метавонад. Ӯ иброз медорад, ки дар китобхонаи қисми ҳарбӣ баъди фориғ шудан аз тамринҳо ба мутолиаи китоб машғул мешавад. Натиҷаи ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтани худро аз мутолиаи зиёд медонад.

Мавсуф изҳор медорад, ки дар қисми низомӣ китобхона фаъолият менамояд, ки сарбозон дар вақтҳои муайяншуда ба мутолиаи китобҳои гуногун машғул мешаванд. Ҳамзамон дар он маҳфили «Китобхонҳо» ташкил шудааст, ки хеле шавқовар мегузарад.

Ба гуфтаи ӯ, мутолиаи ин асар дар замони муосир  хеле муҳиму муфид аст. Аз ин рӯ хондан ва дарки маънову мафҳуми ин шоҳасар вазифаи хурду бузурги миллати тоҷик, бахусус насли наврасу ҷавон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Он ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Сентябрь 16, 2023 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид