35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бинои иловагии мактаби №25 ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 2 ошёна иборат буда, барои 192 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми он 4 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраи кории директор ва дар қабати дуюм ҳуҷраи муаллимон, синфхонаи компютерӣ ва 4 синфхонаи таълимии дигар ҷойгир карда шудааст. Муассиса пурра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла 13 компютер ва 2 принтер таъмин гардидааст. Ҳамзамон, тибқи лоиҳа дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи таълимӣ бинои анбор ва дегхона барои таъмини муассиса бо гармӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Сармоя Лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Манзили Кӯҳистон» иҷро намудааст. Дар муассисаи таълимӣ 470 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 31 омӯзгор ба онҳо таълим медиҳанд.
Роҳбарияти вазорати маориф ва илм, ноҳия, омӯзгорони собиқадор, хонандагони фаъол ва сокинони деҳа дар ҷамъомади идона сухан гуфта, баистифодадиҳии чунин бинои замонавиро далели сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон









«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






