9 нафар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ғолиби даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ шуданд

Октябрь 17, 2023 15:51

ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 14 октябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» доир гардид. Дар он 9 нафар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, дар озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» омӯзгори факултети иқтисод ва идора Навруста Дӯстова сазовори ҷойи дуюм, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ Дилшод Ниёзов ҷойи дуюм ва донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ Умедҷон Меликов ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардид.

Дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 6 нафар, аз ҷумла донишҷӯи факултети физика Саидҷон Насриддинзода, донишҷӯи факултети биология  Муҳаммадзариф Зарипов соҳиби ҷойи якум, донишҷӯи факултети математика ва информатика Сарвар Ҳурматов ва донишҷӯи факултети химия Марҷона Файзуллоева соҳиби ҷойи дуюм, донишҷӯи факултети биология Парвина Рӯзиматова ва донишҷӯи факултети география Хуршед Амонов сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки озмунҳои мазкур бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат гузаронида мешаванд.

Ин тадбири саривақтии Сарвари давлат на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, малакаю ҷаҳонбинии сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус насли наврасу ҷавон муосидат намуд, балки барои эҳёи анъанаҳои хуби ниёгон низ заминаи боэътимод гузошт.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Октябрь 17, 2023 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд