ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Моҳи декабр дар Тоҷикистон 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо шаҳомати хосса таҷлил мешавад

Октябрь 10, 2023 10:33

ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи декабр дар Тоҷикистон 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар мамлакат баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили нишасту ҳамоишҳо, нашри китобу мақола вобаста ба ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва нақши китоби «Тоҷикон» дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар назар дошта шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамзамон бахшида ба ин сана дар мамлакат намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, академик Бобоҷон Ғафуров, осори ниёгон ва олимони давлатҳои хориҷӣ оид ба таърих, забон, адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик баргузор мегардад.

Инчунин моҳи декабр даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ҷамъбаст гардида, ғолибону ҷоизадорони он қадрдонӣ мешаванд.

Бобоҷон Ғафуров  моҳи декабри соли 1908  дар рустои  Исфисор, ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Бояд гуфт, ки фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд.

Осор ва фаъолияти илмиву фарҳангии Бобоҷон Ғафуров асосан ба тарғиб ва ба таври илмӣ асоснок намудани гузаштаи таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик нигаронида шуда буд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақола оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Бо ташаббус ва таҳти таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзуъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд. Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода намудааст.

Шоҳасари ӯ «Тоҷикон»  соли 1972 дар Москва ба табъ расид. «Тоҷикон» ба забонҳои ҷопонӣ ва полякӣ тарҷума ва нашр шуда, ҳамчунин дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат заминаи ҷиддӣ гардид. Маҳз ба ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  китоби «Чеҳраҳои мондагор» иброз доштаанд: «Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо, пеш аз ҳама, лаҳзаҳоеро меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат намуда тавонанд. Таҳқиқоти ӯ доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд».

Бобоҷон Ғафуровро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ, хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз дар бораи Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл бузургтарин фарзанди Машриқзамин мебошад».

Заҳмату талоши бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм маҳз аз ҳамин нукта иборат аст:  ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин мардуми Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад. Воқеан ӯ дар ташаккули худшиносии миллии мардуми тоҷик саҳми беандоза гузоштааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2023 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон ва Қирғизистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
МУЖДАИ НАВРӮЗӢ. «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ барои ҳамзабонони эронӣ ба нашр расид
Бахшида ба Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон китоби «Наврӯзномаи Хатлон» ба табъ расид
Ҳунари балети Тоҷикистон дар Париж муаррифӣ мегардад
Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Осорхонаи миллӣ намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз»-ро тамошо намуд
Иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона мусоидат менамояд
Най асбоби мусиқии қадимии тоҷикон аст, ки савти онро рамзи баҳору Наврӯз медонанд
Аз 1 апрел даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз мегардад
Гузоштани тоқӣ дар сар яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз аст
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Дар вилояти Хатлон ҷашни Наврӯз бо анъанаҳои хос таҷлил мегардад
НАВРӮЗИ БАДАХШОН. Дар сафеднамоӣ ва наққошии хона тамоми аъзои хонавода иштирок менамоянд