Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи иҷлосияи 25-уми Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ, ки дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор гардид, иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар форум Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвилим ва намояндагону коршиносони байналмилалии сайёҳӣ аз 140 давлати дунё иштирок намуданд.
Дар доираи форум намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имконияти қабули сайёҳон ва хизматрасониро дар ин самт муаррифӣ намуданд.
Дар ҳошияи иҷлосияи 25-уми Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Форуми таҳсилот ва семинари минтақавии сайёҳӣ доир мегарданд. Дар кори онҳо намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ иштирок менамоянд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон









Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст






