Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми пленарии Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Самарқанд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар ҷаласаи якуми пленарии 25-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули сардори Раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи рушди сайёҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ин кумита иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Дар оғози ҷаласа Вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Узбекистон, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, котиб ва президенти Маҷмааи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ сухан гуфтанд.
Дар ҷаласа маърузаи Дабири кулл вобаста ба тамоюлҳои имрӯзаи сайёҳии байналмилалӣ, татбиқи барномаи созмон барои солҳои 2022-2023, барномаи корӣ барои солҳои 2024-2025, вазъи молиявии созмон, баррасии сиёсати захираҳои инсонӣ дар соҳаи сайёҳии ҷаҳон, ҳолати узвият дар созмон ва боздоштани узвият (тибқи муқаррароти Оинномаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ) шунида шуда, аз ҷониби кишварҳои аъзо тасдиқ гардид.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур ҳисобот дар бораи Гурӯҳи корӣ оид ба таҷдиди соҳаи сайёҳӣ бо назардошти ҳолат ва дурнамои он, ҳисобот дар бораи ҷараёни таъсиси идораҳои минтақавӣ ва мавзуии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ислоҳоти созмон: пешрафт дар татбиқи шуъбаи тафтишотии муштарак (JIU) ва тавсияҳои Идораи хадамоти назорати дохилӣ (OIOS) ҳисоботи Шурои Иҷроия ба Маҷмаи умумии Созмон, аъзои шарикӣ, ҳисоботи раиси Шурои аъзои шарикӣ, ҳисоботи Кумита оид ба масъалаҳои марбут ба аъзои шарикӣ, ҳисоботи Кумитаи ҷаҳонии этикаи сайёҳӣ (WCTE) ва интихоби аъзои он, рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ: маълумот дар бораи рӯйдодҳои солҳои 2022 ва 2023, тасдиқи мавзуъҳо ва қарор дар бораи давлатҳои мизбон барои солҳои 2024 ва 2025, интихоби аъзои Шурои иҷроия ва макону санаи баргузории ҷаласаи 26 – уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷараёни овоздиҳӣ ва қарори қабулҳои Маҷмаа бо назардошти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии мамлакат муайян намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид






