Ҳайати Тоҷикистон дар Чемпионати III байналмилалии сохтмонӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 20 октябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дар Чемпионати III байналмилалии сохтмонӣ, ки дар шаҳри Санкт—Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ хабар доданд.
Маросими расмии ифтитоҳи Чемпионати III байналмилалии сохтмонӣ дар маркази ЭкспоФорум-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1500 мутахассиси соҳаи сохтмон аз ширкатҳои Русия ва давлатҳои хориҷӣ иштирок варзиданд.
Мақсади мусобиқа- ин таъмини рушди босуръати соҳаи сохтмон ба манфиати мардум, давлат ва соҳибкорӣ буда, мавзуи асосии он «Технологияҳои замони нав» ҳисобида шуд. Ҳамоиш ҷиҳати таҳкими ҳамкории давлатҳо ва ширкатҳо дар арсаи байналмилалӣ дар соҳаи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ гузаронида шуд.
Мусобиқа бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи федералӣ ва минтақавии Федератсияи Русия, бузургтарин ширкатҳои русӣ ва хориҷӣ баргузор гардида, инчунин намоиши созмонҳои шарик дар қолаби нави мултимедиявӣ доир шуд.
Чемпионат аз рӯи 25 номинатсияи фардӣ ва даставӣ, аз ҷумла сохтмон, лоиҳакашии объектҳо ва идоракунии лоиҳаи сохтмон гузаронида шуд.
Ҳамзамон 19 ва 20 октябр Конгреси 2-юми сохтмонии Авруосиё ва дар чаҳорчӯбаи ин чемпионат конфронси байналхалқӣ оид ба рушди соҳаи сохтмон баргузор гардида, дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд.
20 октябр Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода, Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия Ирек Файзуллин ва Директори асосии иҷроияи Корпоратсияи давлатии неруи атомӣ «Росатом»-и Федератсияи Русия Алексей Лихачёв доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






