Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 2-юми миллии Озарбойҷон оид ба шаҳрсозӣ иштирок намуд

Октябрь 5, 2023 13:07

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 сентябр то 1 октябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дар Форуми 2-юми миллии Озарбойҷон оид ба шаҳрсозӣ, ки дар шаҳрҳои Зангилон ва Боку баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар форум ҳайати Тоҷикистонро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ҳамроҳӣ намуд.

Ҳадафи асосии форум мусоидат ба табодули таҷриба, баланд бардоштани иқтидор, ҳавасмандкунии ҳамкорӣ ва стратегияҳои рушди устувори шаҳрҳо ба ҳисоб рафта, дар форум масъалаҳои мубрами шаҳрсозӣ, аз ҷумла мудирияти самаранок ва сармоягузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, иртибот байни тағйирёбии иқлим ва шаҳрсозӣ, корбарии фанновариҳои нав дар ин самт ва аҳамияти шаҳрсозӣ барои рушди устувор баррасӣ шуданд.

30 сентябр дар ҳошияи форум ҷаласаи роҳбарони мақомоти шаҳрсозӣ ва меъморӣ доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Дар доираи чорабиниҳои форум ҷаласаҳои алоҳида дар мавзуъҳои «Рушди фарогири шаҳр», «Аҳамияти ҳаракати шаҳрӣ дар идоракунии рушди устувори шаҳр», «Шаҳрҳои солим, ҷамоатҳои рушдёбанда: беҳтар намудани сифати зиндагӣ тавассути банақшагирии шаҳр» баргузор гардида, дар онҳо оид ба мушкилот ва роҳҳои ҳалли ҳаракати ҳамгирошудаи шаҳрӣ барои шаҳрҳои устувор ва қобили зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволӣ тавассути тарҳрезии шаҳрсозӣ, инчунин ҳаракати устувор дар сатҳи миллӣ табодули афкор доир шуд.

1 октябр дар чаҳорчӯби форум мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо Раиси Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон Анар Гулиев баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории мутақобил дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозиро баррасӣ намуданд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2023 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бошқирдистони Федератсияи Русия мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимоднома супорид