Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти 3-юми пленарии 25-умин Маҷмааи ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд

Октябрь 20, 2023 16:14

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон нишасти 3-юми пленарии 25-умин Маҷмааи ҷаҳонии сайёҳӣ доир гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти овоздиҳӣ ва қарори қабулҳои Маҷмаа бо назардошти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии мамлакат мавқеи худро муайян намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайëҳии мамлакат хабар доданд.

Дар нишаст якчанд масъалаҳо, аз ҷумла тамоюлҳои имрӯзаи соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, татбиқи барномаи Созмон барои солҳои 2022-2023, барномаи корӣ барои солҳои 2024-2025, вазъи молиявии Созмон, баррасии сиёсати захираҳои инсонӣ дар соҳаи сайёҳии ҷаҳон, узвият дар Созмон, Кодекси байналмилалии ҳифзи сайёҳон, ҳисоботи Кумитаи Созмон оид ба аъзои ҳамроҳшуда мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар овоздиҳӣ ва қабули қарорҳо Раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод нозир интихоб шуда, ҷараёни онро пурра назорат ва шаффофиятро муайян намуд.

Дар анҷоми нишасти 3-юми пленарии Маҷмааи умумии Созмон бо ташаббуси Давлати Чили интихоботи Дабири Кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ барои солҳои 2026-2029 аз нав баркарор гардида, дар он давлатҳои аъзои Созмон аз нав овоз дода, мансаби Дабири кулли Созмон Зураб Пололикашвили тамдид гардид.

АКС: Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2023 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад