Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти 5-уми вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 октябр дар шаҳри Ардабили Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 7-уми гурӯҳи коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва нишасти 5-уми вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳо вобаста ба интихоби Раиси котиботи СҲИ, интихоби пойтахти сайёҳии СҲИ, қабули эъломияи Ардабил ва тарҳрезии нақшаи минбаъдаи баргузории нишасти 6- уми вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои СҲИ баррасӣ шуд.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, иштироки ҳайати ҷумҳурӣ дар ин ҷаласа ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва дурнамои ҳамкории муштарак бо давлатҳои аъзои СҲИ мусоидат намуда, барои ба роҳ мондан ва тавсеа додани ҳамкорӣ бо мақомоти соҳавӣ заминаи муносиб фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд






