Ҷаласаи 17-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд

Октябрь 12, 2023 15:34

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи 17-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба мониторинги татбиқи супоришҳои қаблӣ, мушкилоти соҳаи нассоҷӣ, мутобиқ намудани Номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тафсири 7-уми Низоми ҳамоҳангсозии таснифот ва рамзгузории молҳо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат дар самтҳои гуфташуда, ки ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидаанд, корҳои назаррас иҷро шудаанд. Вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ доир шуд, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии мамлакат мусоидат менамоянд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иқдоми минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2023 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд