Ҳамкории байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Давлати Қатар Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии мамлакат иттилоъ доданд.
Мулоқот аз арҷгузорӣ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Ҷаноби Олӣ Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар рушди ҳамкории ҳуқуқии ду давлат оғоз гардид.
Масъалаҳо оид ба ҳамкории минбаъда дар самтҳои муқовимат ба тундгароӣ, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Зимни мулоқот се шартномаи байналмилалӣ — дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи ҳамкории байниидоравӣ ва дар асоси Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Давлати Қатар аз соли 2019 ба мувофиқа расиданд, ки иқтидори Маркази волоияти қонун ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи Давлати Қатар ва Коллеҷи ҳуқуқии Донишгоҳи Қатар марбут ба Фонди Қатар, инчунин прокуратураи зиддитеррористии махсусгардонидаи Қатар барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнии кормандони Маркази пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтории он истифода бурда мешавад.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






