Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии техникии Беларус рушд меёбад

Октябрь 8, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Беларус бо фаъолияти Донишгоҳи миллии техникии Беларус шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ҷо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо лабораторияҳо, Парки технологӣ, Донишкадаи илм ва технологияи Конфутсий ва бо дастовардҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ шинос шуд.

Таъкид гардид, ки имкони боз ҳам бештар рушд додани ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии техникии Беларус бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавҷуд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи миллии техникии Беларус пешсафтарин муассисаи таълимӣ дар самти муҳандисӣ дар Ҷумҳурии Беларус буда, яке аз калонтарин ва куҳантарин донишгоҳҳои Беларус мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки Донишгоҳи миллии техникии Беларус бо донишгоҳҳои беш аз 30 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Олмон, Испания, Италия, Лаҳистон, Перу, Англия, Литва, Латвия ҳамкорӣ дошта, дар он аввалин Донишкадаи илм ва технологияи Конфутсий дар ҷаҳон фаъолият менамояд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд