АНЪАНАИ НЕК. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо иштироки нависанда Маҷид Салим маҳфили адабӣ баргузор шуд

Октябрь 22, 2023 11:16

ДУШАНБЕ,  22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси маҳфили адабии «Парвози Шоҳин» ва дастгирии Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ  бо иштироки барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, нависандаи хушсалиқа ва табиатшинос Маҷид Салим ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ, меҳмонон ва аҳли зиёи шаҳри Кӯлоб мафҳили адабӣ баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, профессор Дилшод Раҳмон иброз намуд, ки Маҷид Салим аз зумраи адибоне аст, ки фаъолияти эҷодии худро аз рӯзноманигорӣ дар нашрияҳои маҳаллии минтақаи Кӯлоб оғоз намудааст. Солҳои зиёд дар нашрияи «Адабиёт ва санъат», шуъбаҳои наср, очерк, публисистика ва хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Баъдан дар Телевизиони Тоҷикистон ба таснифу пахши барномаи «Инсон ва табиат» шуруъ намуд, ки он ба барномаи сертамошобин ва дӯстдошта мубаддал гардид.

Фаъолият дар телевизион барои навиштани китобҳои нав оид ба парандагону ҳайвонот, тасвири олами онҳо ба эҷоди Маҷид Салим такони бештар бахшид. Нависанда табиати ҷонваронро дар асарҳояш бо дониши бисёр баланд ва завқи хосса офаридааст. Маҷид Салим адибе мебошад, ки илми бепаҳнои биологияро ба уқёнуси адабиёт оварда, дар пайвасти ин ду шохаи илм нодиркорӣ намудааст.

Дар маҳфили адабӣ номзади илмҳои филологӣ Шарофат Худойдодова, мудири кафедраи адабиёти тоҷик Зайналбӣ Холиқова, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ёралӣ Содиқов оид ба нақши адабиёт ва адиб дар рушду такомули ҷомеаи муосир мулоҳизаҳояшонро баён доштанд.

Гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ҳикояҳои Маҷид Салим порчаҳо қироат намуда, бо муаллиф доир ба эҷодиёту фаъолияташ суҳбат намуданд. Хотироти ҷолиб аз овони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, нозукиҳои эҷодиёт, ҳамкорӣ бо устодони санъату адаби тоҷик ба иштирокдорони маҳфил таассуроти гуворо бахшид.

Дар хотимаи маҳфил аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ ба адиб туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид. Ҳамзамон Маҷид Салим ба китобхонаи Донишгоҳ даҳҳо нусха китобҳои нашршуда, аз ҷумла китоби нави худро  бо номи «Гавазн ва шикорчӣ» тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки Маҷид Салим дар боби танзиму таҳияи силсилафилмҳои мустанад ва очеркҳои телевизионӣ, тарҷумаи филмҳои бадеӣ дар телевизиони ҷумҳурӣ саҳми назаррас дорад. Аз ҷумла, матни филмҳои мустанади «Дашти Ҷум», «Дар оғӯши Сари Хосор», «Искандаркӯл», «Оҳанги Камаров», «Бешаи Палангон», «Дараи Ромит», «Чилучорчашма», «Афсонаи Зӯркӯл», тарҷумаи филмҳои бадеии «Марги судхӯр»-у «Паттазори сурх» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Филм-спектакли Маҷид Салим ба ифтихори 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ «Ҳар кӣ моро ёд кард» соли 2015 дар телевизион намоиш дода шуд. Нахустин чакидаҳои хомаи Маҷид Салим дар ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба табъ расидаанд.

Ӯ муаллифи маҷмуаи қиссаву ҳикояҳои «Гурги похӯрда» (1991), «Зоғеву доғе» (1994), «Панҷаи ҳасрат» (1997), «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот» (1998), «Чӯҷаи кабк» (2000), «Уқобу лошахӯр» (2002), «Мурғи даштӣ» (2003), «Алибоҷ» (2008), «Аз пайи паланг» (2010), «Санговдавак» (2012) мебошад.

Намунаи ҳикояву очеркҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Шаҳпари инсон», «Шасти зафар», «Баҳори Истиқлол», «Насри тоҷик» (ба забони русӣ) ба табъ расидаанд.

Соданависӣ ва муъҷазбаёнӣ услуби хоси Маҷид Салим буда, эҷодиёташ шаклану мазмунан ба адабиёти шифоҳӣ наздик аст. Дар эҷодиёташ пайвастагии инсон бо табиат, олами вуҳуш, муъҷизаҳои наботот ва ҷаҳони афсонавии ҷонваракон ба ҷилва омадаанд. Ӯ ягона адиби тоҷик аст, ки ҳамвора ин мавзуъро пайгирӣ менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт