АЗМ БА ХИЗМАТИ БОШАРАФОНА! Ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Деваштич дар маросими тантанавӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гусел шуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими гусели тантанавии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот, сарбозони қисмҳои ҳарбии ноҳия, падару модари даъватшудагон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия таъкид намуд, ки вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ мебошад, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ««Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бамаврид иброз намудаанд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии мамлакат мебошад».
«Мо хуб медонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллат ва бақои давлат аст. Тақдири амнияти Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дасти шумо, фарзандони азиз, ки пас аз қабули савганди ҳарбӣ ин масъулияти азимро бар дӯш мегиред, вогузор мешавад. Ватан ба ғайрату шуҷоат ва қувваи ҷисмонию маънавии шумо ҳамеша ниёз дорад»,- афзуд раиси ноҳия.
Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз ҳама ҷиҳат рушду такомул ёфта, бо навтарин яроқу аслиҳаи ҷангӣ таъмин мебошанд. Дар он барои хизматчиёни ҳарбӣ муосиртарин шароити буду бош фароҳам оварда шудааст.
Ҷиҳати дар рӯзи аввал сарбаландона таъмин намудани маъракаи тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Холбута Рӯзиматов бо нишони сайёри «Беҳтарин ҷамоат оид ба иҷрои даъвати ҳарбӣ» ва раисони Шурои маҳаллаҳои пешқадам ва волидайне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба хизмат омадаанд, бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия ба 60 нафар даъватшудагон шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «В» супорида шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯз барои ҳар ҷавонмард хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шараф аст. Аз ин рӯ, агар шаҳрванд аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифта бошад, ӯ вазифадор аст дар вақти муайяншуда ба он ҷо ҳозир шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич










Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






