Бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ доир мешавад

Октябрь 23, 2023 17:39

ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳамасола 24 октябр дар ҳама давлатҳои ҷаҳон гузаронида мешавад, пагоҳ дар Осорхонаи миллӣ бо ташаббуси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат Намоишгоҳ оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушди устувор баргузор мешавад, — чунин иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Дафтари Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон.

Намоишгоҳ 24-25 октябр баргузор гардида, дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд. Барои оммаи васеъ тамошои намоишгоҳ аз соати 12:00-и 24 октябр то соати 15:00-и 25 октябр муайян гардидааст.

Дар намоишгоҳ аксҳо оид ба ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Мутаҳид давоми 30 сол ба намоиш гузошта мешаванд, ки мавзуъҳои ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат, дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонӣ, инчунин бахшҳои об, пиряхҳо, коҳиш додани офатҳои табиӣ, рушди иҷтимоӣ, иқтисоди «сабз», баробарии гендерӣ, ҳуқуқи инсон, баробарӣ, инноватсия ва дигар паҳлуҳои ҳамкории созандаро инъикос менамоянд.

Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки оид ба тағйирёбии иқлим, устувории экологӣ, муҳоҷирати бехатар ҷаласаҳои алоҳида гузаронида шуда, мактаби фаъолони гендерӣ, маҷмуи таълимот оид ба амалҳои гендерӣ, муколамаи ҷавонон, таҳсили шахсони дорои имконияти маҳдуд (маъюбон) муаррифӣ шаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, дигар чорабиниҳо вобаста ба муаррифии фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон то охири сол идома ёфта, дар доираи онҳо баргузор намудани мулоқот бо донишҷӯёни донишгоҳҳои мамлакат баҳри муҳокимаи рушди устувор ва конфронси мавзуӣ дар назар дошта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2023 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд